Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарнигори фаронсавиро аз Русия ихроҷ карданд


Анн Нива
Анн Нива
Хабарнигор ва адиби фаронсавӣ Анн Нива барои мусоҳиба бо намояндагони мухолифин аз Русия ихроҷ шуд.

Кормандони хадамоти муҳоҷират изҳор намуданд, ки хонум Нива бо раводиди корӣ вориди Русия шудааст ва аммо ба ҷойи ин бо мухолифин дидору гуфтугӯ мекунад. Анн Нива, аз ҷумла, бо хабарнигор Олга Романова ва намояндаги ҳизби “Яблоко” мулоқот кардааст.

Хонум Нива муаллифи китоби “Ҷанги палид” дар бораи занҳои Чеченистон аст ва солҳои пеш хабарнигори расонаҳои Фаронса дар Маскав буд.
XS
SM
MD
LG