Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қочоқчии маводи мухаддир аз ҲНИТ аст?


Ниҳодҳои амнитяии Тоҷикистон гурӯҳеро ифшо кардаанд, ки бино ба расидагиҳои муқаддамотӣ, раҳбари он яке аз аъзои фаъоли Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон будааст. Дар ин бора дафтари матбуотии Кумитаи давлатии амнияти милии Тоҷикистон ба матбуот хабар додааст. Дар хабар омадааст, Собир Ардаев, ки вайро бештар бо номи Собири ванҷӣ мешиносанд, аз аъзои фаъоли ҲНИТ мебошад. Бино ба хабари ин манбаъ, 3 феврал як ҷо бо Ардаев як нафари дигар низ ҳангоми раҳсипор шудан аз ноҳияи Рӯшон барои интиқоли тақрибан 20 кило ҳашиш боздошт шудааст. Кормандони амнияти миллӣ гуфтаанд, ки ин гурӯҳ бо гурӯҳи дигаре аз Афғонистон ҳамкорӣ доштааст ва номи ҷониби Афғонистон ба онҳо маълум аст. Шоми дирӯз Ардаев дар як намоиши телевизионӣ дар лаҳзаҳое аз навори бозпурсӣ эътироф кардааст, ки аз соли 2006 узви ҲНИТ мебошад. То ҳол ҲНИТ ба ин қазия вокуниш нишон надодааст.
XS
SM
MD
LG