Алӣ Акбар Носирӣ-намояндаи Эрон дар Ватикан изҳор дошт, ки Теҳрон аз боздиди попи Рум Бенидикти XVI истиқбол мекунад. Маҳмуд Аҳмадинажод-раиси ҷумҳури Эрон ҳанӯз соли 2010 ба Бенидикти XVI барои боздид аз Эрон даъватнома фиристода буд. Вале дирӯз, чаҳоршанбе попи Рум гуфт, ки ҳоло ин гуна нақшаҳо надорад.