Пайвандҳои дастрасӣ

Горбачёв: "Низоми сохтаи Путинро бояд иваз кард!"


Михаил Горбачёв
Раисиҷумҳури собиқи Шӯравӣ Михаил Горбачёв хостори табдили бакуллии низоми сиёсие шуд, ки сарвазир Владимир Путин ва атрофиёнаш дар Русия ба роҳ андохтаанд. Горбачёв, ки дар ин авохир аз мунтақидони тунди Кремл шудааст, ба телевизиони «Дожд» гуфт, тағйири низом як талаби асосии эътирозҳоест, ки Русияро фаро гирифтааст.
Путин мехоҳад дар интихоботи 4 март ба даври севуми раёсат даст биёбад. Дар баробари ӯ 4 номзади дигар сабти ном шудаанд. Вале мунтақидон мегӯянд, ки номзадҳои воқеъии мухолифинро ба ин интихобот роҳ надоданд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG