Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нируҳои сиёсии Юнон имрӯз кӯмакҳоро баррасӣ мекунанд


Евангелос Венизелос
Евангелос Венизелос
Қарор аст, имрӯз раҳбарони аҳзоби сиёсии Юнон ҷузъиёти кӯмаки 130 миллиард евроиро баррасӣ кунанд. Раҳбарони аҳзоби муҳофизакору ситсиалист ва ростгарои тундрав ду дафъа чунин мулоқотро ба таъхир андохтанд. Хонум Ангела Меркел-нахуствазири Олмон маҷбур шуд аз онҳо даъват кунад, ки ҳар чӣ зудтар ин масъаларо ба баррасӣ бигиранд. Агар нируҳои Юнон дар бораи ин кӯмак ба тавофуқ нарасанд, дар он сурат ин кишвар метавонад моҳи оянда ба нокомии молӣ рӯ ба рӯ шавад. Евангелос Венизелос-вазири молияи Юнон гуфт, музокира бо тройка ё сегона, яъне бо Иттиҳодияи Аврупо, Сандуқи байналмиллалии пул ва Бонки Марказии Аврупо бо мушкилӣ пеш меравад.
XS
SM
MD
LG