Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имрӯз боздиди Сергей Лавров аз Сурия оғоз мешавад


Сергей Лавров
Сергей Лавров
Имрӯз Сергей Лавров-вазири корҳои хориҷаи Русия вориди Димишқ-пойтахти Сурия мешавад, то дар ҳали бӯҳрони ин кишвар миёнҷигарӣ кунад. Қарор аст оқои Лавров бо Башор Асад-раиси ҷумҳури Сурия мулоқот анҷом диҳад, раиси ҷумҳуре, ки тазоҳуроти эътирозӣ бар зидди режими вай 11 моҳ идома дорад. Ин боздид баъд аз се рӯзи ветои қатъномаи Шӯрои Амнияти СММ аз ҷониби Русия ва Чин анҷом мегирад. Пешнависи ин қатъномаро кишварҳои Ҷомеаи Араб таҳия карда буданд. Дар қатънома аз Асад тақозо шудааст, ки аз мақом истеъфо диҳад ва ҳукуматро барои интиқоли қудрат омода созад. Дар ин боздид Сергей Лавровро Михаид Фрадков-раиси хадамоти кашфи хориҷии Русия ҳамроҳӣ хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG