Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қоҳира нооромиҳои баъд аз футбол идома кард


Рӯзи ҷумъа дар Қоҳира-пойтахти Миср даргириҳо миёни пулис ва эътирозгарон идома ёфт. Ин даргириҳо ҳамчунон идомаи задухӯрди баъд аз бозии футбол аст, ки 74 нафарро кушта барҷой гузошта буд. Пулис ба ҳаво ба сӯи тазоҳуркунандагон, ки дар назди вазорати корҳои дохилӣ дар Қоҳира гиридиҳам омада буданд ва ба сӯи вазорат сангандозӣ мекарданд, тир холӣ кард. Хабаргузории Ассошиейтед Пресс аз қавли як корманди бемористон навиштааст, ки дар ин задухӯрдҳо як нафар кушта, садҳо нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд. Рӯзи чаҳоршанбе баъд аз бозии футбол дар Порт Саид миёни мухлисони футбол задухӯрд рух дода буд.
XS
SM
MD
LG