Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саволҳои беҷавоб дар роҳ ба сӯи Худо


Ин номаи хонандаи мо дар ҳошияи мақолаи "Тенгрӣ – рақиби Ислом дар Қирғизистон?" навишта ва фиристода шудааст. Дар он матлаб гуфта мешуд, ки дар Қирғизистон пайрави шинохтаи як бовари тоисломиро бо иттиҳоми барангехтани адовати қавмиву мазҳабӣ ба додгоҳ кашондаанд. Инак, посухи хонанда бо номи "Мазҳаб". Агар Шумо низ дар бора гуфтание доред, лутфан, назари худро бинависед.

Мутассифона, ин бечораро бе сабаб айбдор кардаанд. Демократия худаш ин аст, ки касе ба чизе ки бовар мекунад, ин назари шахсии ӯ мебошад ва касе наметавонад ба ин дахолат кунад. Магар касе ва аз кадом мазҳаб ё ин ки аз кадом дине, ки бошад, Худоро бо чашмонаш дидааст? На, ҳамаи мову шумоён, Худоро бо ақл мешиносем ва суннати бобову бобокалонҳоямонро ба ҷо меорем ва ҳаминро ҳам касе аниқ намедонад, ки дуруст аст ё на.

Дар ҳама ҷову ҳама китобҳо мегӯянд, ки ҳама дину ҳама бандаҳои Худо дар назди Худо баробаранд, пас чаро ки дар рӯи Замин намояндагони ҳама дину мазҳабҳо бо якдигар душманӣ мекунанду якдигарро чашми дидан надоранд, ҳатто мусалмонҳои рӯи Замин ба якдигар душманӣ мекунанд. Саволе дар миён меояд, ки агар ҳамаи мазҳабу динҳо дар назди Худо баробар бошанд, пас ҳама бояд бо якдигар якдигарфаҳмиву тифоқӣ дошта бошанд, аммо мутаассифона, тифоқу дӯст шуданро, касе намехоҳад ва намепазирад.Пас фикр кардан мумкин аст, ки ҳамаи динҳо дар рӯи Замин дурӯғанд ва ин ҳама аз ҷониби одамизод фикр карда ва ба роҳ монда шудагӣ мебошад, ин ҳама як МАФИЯ-и калон мебошад, ки мардуми бечораро фиреб дода, аз ҳисоби ин мардум рӯз мебаранд.

Мусалмонҳо доим худашонро ҲАҚ метарошанд ва ягона дини мо ҳақ мебошад мегӯянд. Дар асл бошад, ба кадом қитъае ки мусалмоннишин аст, сафар кунӣ, танҳо харобӣ асту камбағалӣ, гуруснагию хорию зорӣ. Магар дини Ислом ҳамин хел бузург аст, ки мардуми исломӣ дар ҳама ҷой хору зораст, дар куҷое ки мардуми ғайримусалмон аст, ҳама чиз муҳайё мебошанд. Пешакӣ гуфтаниям, ки арабҳои бойро дар назар набиёред, онҳо танҳо дар ном мусалмонанд, аммо мусалмонӣ аз онҳо 100-км дур мебошад. Касе ки ба давлатҳои бойи араб сафар карда бошад, рафтору кирдори онҳоро нағз мефаҳмад.

Як чизи дигарро пешакӣ гуфтаниям, ки ба бисёри мавлавиҳои мо савол диҳӣ, ки чаро мо, мусалмонҳо, доим дар азобу машаққатем, ҳатман дар ҷавоб мешунавӣ, ки "ин дунё барои кофирҳост, дунёи мо бошад, дар он дунёст". Пас, ин тавр ки бошад, чаро Худованд моро дар ин дунё офаридааст, танҳо барои азоб? Магар ин дунё мӯъҷизаи Худо нест? Магар моён ҳақ надорем, ки аз ин дунё ҳаловат бибарем?

Хонандагони азиз, танҳо аз Худо маъзарат мехоҳам, фикр мекунам, ки Худои бузург худаш хама чизро мефаҳмад ва медонад, ки одамизод бо чӣ гуна маккориҳову, роҳҳову, хислатҳо аз номи Ӯ истифода мебарад. Фанатизмро танҳо одамизод дар рӯи Замин ҷорӣ кардааст ва ба механизми асосӣ даровардааст, ки ҳамагон аз ақли худ бегона шуда, худро ба оташи хомӯшнашавандаи фанатизм ҳавола медиҳанд. Як чизро аниқ медонам, ки бобокалони мову Шумо ва бобокалонхои онҳо ба ин дунё қашшоқ омаданд ва аз ин дунё қашшоқ рафтанд ва мову Шумо ҳам ба мисли онҳо қашшоқ меравем, чунки ақли худамонро истифода намебарем, ба моён дигар касон роҳ нишон медиҳанд ва моён бо ҳамон роҳи касони дигар нишондодагӣ меравем.

Агар ба мисли Эмомалӣ Раҳмон ақли худро истифода мебурдем, ба мисли ӯ аз камбағалӣ ба бойӣ мегузаштем, аммо ҳаминаш ҳам дуруст набуд, чунки бо ин роҳ бой шудан нодуруст аст, бояд доим мову шумоён аз ақли худ истифода барем ва ҳам худ бой шавему ҳам ба касе кӯмак карда тавонем ва Худоро бо ақли худ бишносем, на ин ки бо сиёсати фанатҳо.

Сарбаланду хонаобод бошед, бародарону хоҳарони азиз.

"Озодӣ": Ин навори видео ҳамроҳ бо мақолаи "Тенгрӣ – рақиби Ислом дар Қирғизистон?" мунташир шудааст.

Рӯҳонии шаманро ба додгоҳ кашидаанд
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:46 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG