Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эълони се рӯзи мотам дар Миср дар пайи фоҷеаи Порт Саид


Шӯрои ҳарбии ҳокими Миср дар робита ба ҳалокати 74 нафар дар задухӯрди байни мухлисони футбол се рӯзи мотами миллӣ эълон кард. Ошӯби мухлисон дар шаҳри Порт Саид бадтарин хушунати марбут ба варзиш дар таърихи Миср ва хунинтарин даргириии мухилсони футбол аз соли 1996 ба сӯ будааст. Дар ин беназмиҳо 248 тани дигар захмӣ шудаанд, ки 14 нафари онҳо кормандони полис будаанд. Хушунат баъд аз бозии дастаи “Ал-Масрӣ”-и Порт-Саид бо “Ал-Аҳлӣ”-и Қоҳира ва таҳвин ба бозигарони қоҳирагӣ оғоз ёфта, ба атрофи варзишгоҳ паҳн шуд.
XS
SM
MD
LG