Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Евгений Жовтис афв мешавад


Евгений Жовтис (Акс аз бойгонӣ)
Евгений Жовтис (Акс аз бойгонӣ)
Ҳомии маъруфи ҳуқуқи башари Қазоқистон Евгений Жовтис баъди адои нисфи ҳукми чорсолаи зиндонаш мавриди афв қарор мегирад. Раҳбари собиқи Дафтари байналмилалии ҳуқуқи башари Қазоқистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ӯ бояд то 15 рӯзи дигар аз маҳбас раҳо шавад. САҲА аз ин истиқбол кард ва дар баёнияаш аз Остона хост, то дар пайи раҳоии Жовтис ба таҳқиқи шаффофи ошӯбҳои ахири Жанаозен ва мавориди тақаллуб дар интихоботи моҳи январ низ иқдом кунад. Жовтис бо ҷурми ҳалокати як раҳгузар дар зери чархи мошинаш ба 4 соли зиндон маҳкум шуда буд.
XS
SM
MD
LG