Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тартиби нави фурӯши силоҳи пневматикӣ


Парлумони Тоҷикистон бо ислоҳи қонуни силоҳ тартиби харидории силоҳҳои пневматикиро шадидтар кард. Акнун ҳар хоҳишманди ба даст овардани чунин силоҳ бояд аз мақомоти вазорати умури дохила иҷозати расмӣ бигирад. То кунун силоҳи пневматикӣ дар Тоҷикистон бидуни чунин муҷаввиз фурӯхта мешуд. Омори расмие дар бораи теъдоди чунин силоҳҳо дар дасти аҳолии Тоҷикистон мавҷуд нест, вале муовини вазири умури дохила Саид Ҷӯрахонов дар иҷлоси Маҷлиси намояндагон гуфтааст, ба афроди бидуни ҷои зист, маризони равонӣ, мӯътодони шаробу маводи мухаддир, авбошон ва ноболиғон иҷозати харидории силоҳи пневматикӣ дода нахоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG