Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳоии 25 коргари Чин аз асорат дар Миср


Синхуа - хабаргузории расмии Чин мегӯяд, ҳамаи 25 коргари чинӣ, ки як қабилаи бадавӣ дар Миср гаравгон гирифта буд, раҳо ёфтаанд. Сафорати Чин дар Қоҳира аз раҳоии коргарон хабар дод ва гуфт, вазъи ҳамаи онҳо хуб аст. 25 муҳандис ва корманди фаннии Чин дар як корхонаи семент дар маркази вилояти Синай кор мекарданд. Онҳоро бадавиҳо рӯзи 31 январ рабуданд. Ин дар ҳолест ки 24 коргари роҳ аз Чин дар Судон дар асорати чирикиҳо боқӣ мемонанд.
XS
SM
MD
LG