Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Флорида зоҳиран Ромнӣ баранда мешавад


Митт Ромнӣ
Митт Ромнӣ
Интихоботи муқаддамотии номзади ҳизби ҷумҳурихоҳ ба интихоботи моҳи ноябри раёсатҷумҳурии Амрико дар аёлати Флорида анҷом ёфт. Натоиҷи аввалия ҳокист, ки дар ин раъйгирӣ волии собиқи аёлати Массачусеттс Митт Ромнӣ бар рақиби аслиаш Нют Гингрич баранда мешавад. Бар асоси шумориши 56 дарсади оро, Ромнӣ 48 ва Гингрич 31 дарсади ороро ба даст овардаанд. Пирӯзӣ дар Флорида ба шонси Ромнӣ барои касби мақоми номзадии ҳизби ҷумҳурихоҳ ва рақобат бо раисиҷумҳури феълӣ Барак Обама дар интихоботи моҳи ноябр меафзояд. Ромнӣ қаблан дар аёлатҳои Айова ва Ню-Ҳампшир пирӯз шуд, вале пирӯзии бузурги Гингрич дар Каролинаи шимолӣ ӯро ба рақиби аслии Ромнӣ дар интихоботи муқаддамотии Флорида табдил дод.
XS
SM
MD
LG