Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама ҳамлаи ҳавопаймоҳои бесарнишинро таъйид кард


Мукотибаи интернетии Барак Обама бо корбарон
Мукотибаи интернетии Барак Обама бо корбарон
Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико ҳамлаи ҳавопаймоҳои бесарнишини Амрико дар қаламрави Покистонро эътироф кард ва таъйид намуд, ки ин гуна ҳамлаҳо анҷом мегиранд. Вале вай гуфт, ки шумораи қурбониёни чунин ҳамлаҳоро бештар нишон медиҳанд. Дар ҷараёни мукотибаи интернетӣ бо корбарони интернет Обама эътироф кард, ки аксари ин ҳамлаҳо дар манотиқи қабиланишини Покистон дар наздикии марз бо Афғонистон сурат мегирад. Ба гуфтаи вай, дар ин ҳамлаҳо шӯришиёни Толибону ал Қоида ҳадаф қарор дода мешаванд.
XS
SM
MD
LG