Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон хостори тамдиди сафари нозирони СММ шуд


Алиакбар Солеҳӣ
Алиакбар Солеҳӣ
Вазири хориҷаи Эрон Алиакбар Солеҳӣ хостори тамдиди замони сафари серӯзаи нозирони ҳастаии СММ шуд ва изҳори хушбинӣ кард, ки тадқиқоти онҳо ба оддӣ сохтани танишҳо пиромуни барномаи ҳастаии Эрон кумак хоҳад кард. Боздиди кунунии коршиносони Ожонси байналмилалии назорати нирӯи ҳастаӣ имрӯз ба поён мерасад. Ҳадафи ин сафар рафъи танишҳоест, ки баъди гузориши моҳи ноябри ин Ожонс рӯ зад. Он гузориш гумони яқин мебурд, ки баъзе ҷанбаҳои фаъолиятҳои ҳастаии Теҳрон табиати низомӣ дорад. Эрон ин иддаоро бепоя хонда, радд мекунад.
XS
SM
MD
LG