Раҳбарони ИА дар нишасти Брюссел дар мавриди имзои паймоне, ки будҷаҳои миллии онҳоро лаҷом мезанад, ба тавофуқ расиданд. Аммо сарвазири Шветсия гуфт, ки 2 кишвар – Ҷумҳурии Чех ва Бритониё –ин паймонро напазируфтанд. Раҳбарони Аврупо умедворанд, паймони нав сармоядоронро итминон хоҳад дод, ки кишварҳои ин қора иштибоҳҳои боиси буҳрони қарзҳо шударо ҳеҷ гоҳ такрор нахоҳанд кард.