Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Панетта: Эрон ба зудӣ соҳиби силоҳи ҳастаӣ мешавад


Леон Панетта
Леон Панетта
Леон Панетта, вазири дифои ИМА, изҳор намуд, ки Эрон тайи як соли наздик соҳиби силоҳи ҳастаӣ хоҳад шуд.

Дар сӯҳбат бо шабакаи телевизионии CBS ӯ гуфт, ки баъд аз ин Эрон барои сохтани мушак ва дигар васоили расондани бомби ҳастаӣ ба ҳадаф ба ду-се соли дигар ниёз хоҳад дошт. Леон Паннета афзуд, ки "ИМА мавқеъи худро возеҳ баён кард – Вошингтон мухолифи сохтани силоҳи ҳастаии Эрон аст. Исроил низ ҳамин мавқеъро дорад. Агар мо иттилоъ бигирем, ки Теҳрон барои сохтани ин силоҳ наздик шудааст, барои ҷилавгирӣ аз он ҳама чораҳои заруриро меандешем".

Дар посух Масъуд Ҷазоирӣ, муовини раҳбари нерӯҳои муттаҳидаи Эрон, изҳор намуд, ки Амрико тавони ҳамла ба Эронро надорад ва дар сурати ҳамла ҷавоби сазовор хоҳад гирифт. :

Оҷонси байналмилалии нерӯи ҳастаӣ ё МАГАТЭ охири соли гузашта ҳадс зад, ки бархе ҷанбаҳои барномаи ҳастаии Эрон шояд аҳдофи низомӣ дошта бошад. Барои рӯшан кардани ин масъала як ҳайъат таҳти раёсати муовини раиси МАГАТЭ Ҳерман Накертс рӯзи якшанбе ба тафтиши муассисаҳои ҳастаии Эрон шурӯъ кард.

Алии Лориҷонӣ, раиси парлумони Эрон изҳор намуд, ки ин сафар санҷише барои МАГАТЭ хоҳад шуд ва тайид кард, ки Эрон омодаи ҳамкорӣ бо ин ниҳоди СММ аст.

Сафари ҳайати МАГАТЭ ба Эрон то 2 феврал идома хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG