Нерӯҳои ҳукуматии Сурия манотиқи шарқии канори Димишқро дубора таҳти назорати худ қарор доданд. Ин мавзеъҳо, аз ҷумла, маҳаллаи Ғавтаро низомиёни Артиши озодихоҳи Сурия, ниҳоди пуштибон аз мухолифини ҳукумат, ишғол карда буданд. Барои таҳти назорат гирифтани ин мавзеъҳо даҳҳо тонку зиреҳпӯшҳо фиристода шуданд.
Ба иттилои мухолифин, рӯзи якшанбе бар асари амалиёти нерӯҳои амниятӣ дар сартосари Сурия дасти кам 60 тан аз ширктдорони намоишҳои эътирозӣ бо талаби истеъфои Башор Асад ба ҳалокат расиданд.
Бар асари афзоиши хушунат дар Сурия, Лигаи кишварҳои араб рӯзи шанбе дар бораи мутаваққиф сохтани фаъолияти нозиронаш тасмим гирифт. Гуфта мешавад, ки тайи тақрибан 11 ёздаҳ моҳи эътирозҳо дар Сурия ҳудуди 5-у ним ҳазор нафар ҷон бохтаанд.