Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Айдаркони шӯрида. Баъд аз қатли хазинадори бонк


Марзи миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон (акс аз бойгонӣ)
Марзи миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон (акс аз бойгонӣ)

Қирғизҳои вилояти Ботканди Қирғизистон бар инанд, ки тоҷиктабори Айдаркон як қирғизро ба ҳалокат расондааст.

Мақомоти Қирғизистон мегӯянд, субҳи рӯзи 26-уми январ як ҷавондухтар – хазинадори яке аз бонкҳо зимни тороҷи бонк аз ҷониби ҳамлаварон дар утоқи кориаш кушта шудааст. Аҳолии қирғизи минтақа ба шӯр омадаанд, ки миллияти яке аз ҳамлаварон тоҷик будааст. Ин манбаъ мегӯяд, дар ҳоли ҳозир дар ҷамоати Айдаркони вилояти Ботканди Қирғизистон тадобири сахти амниятӣ ҷорӣ шудааст ва сокинони ин маҳал тақозо кардаанд, ки омилони куштори хазинадори бонки маҳаллӣ ҷазо дода шаванд. Онҳо ба хешу наздикони айбдоршавандагон низ таҳдид мекунанд.

Раҳбари раёсати корҳои дохилии вилояти Ботканд Жениш Раззоқов ба хабаргузории "Интерфакс" гуфтааст, барои назорати вазъ, ба ҷамоати Айдаркен қувваҳои иловагии пулис ва воҳидҳои махсус эъзом шудаанд. Вай гуфтааст, ки рӯзҳои 28 ва 29-уми январ сокинони маҳаллӣ тайи як гирдиҳамоӣ хостори боздошти омилони куштори хазинадори бонк шудаанд. Гуфта мешавад , ки гумонбаршуда ба қатл аз рӯи миллият тоҷик будааст ва ҳоло дар колонияи ислоҳӣ нигаҳдорӣ мешавад. Ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон, бархе аз пайвандони гумонбаршуда ба қатл дар ҷамоати Айдаркен маҳаллӣ зисти худро тарк кардаанд. Раҳбари идораи корҳои дохилии Ботканд гуфтааст, ба манзури суботи вазъ тадобири шадиди амниятӣ рӯи даст гирифта шудааст ва дар байни мардум корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешавад.

Аммо намояндаи расмии вилояти Суғди Тоҷикистон дар Ботканди Қирғизистон Ғиёсиддин Эҳсонов ба Радиои Озодӣ гуфт, ин хабарҳо воқеият надоранд ва вазъ дар Айдаркон комилан ором аст. Вай афзуд, куштор ангезаҳои маишӣ дорад, зеро хазинадори бонки маҳаллӣ маъшуқаи як ҷавони тоҷик буда, ба ӯ сармоя додааст ва талаби бозгардони ин пул сабаби моҷаро ва куштор гаштааст. Ба гуфтаи ин манбаъ, қотил боздошт шудааст. Ҷаноби Эҳсонов афзуд, гирдиҳамоии ахир дар Ботканд дар робита ба сафари раисиҷумҳури ин кишвар ба вуқӯъ пайваста буд. Биноан, афзуд, ӯ онҳое, ки ин хабарро ҳамчун мояи ташаннуҷ байни тоҷикҳо ва қирғизҳо нашр мекунанд, мехоҳанд, ду қавмро бо ҳам ҷанг андозанд.

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:29 0:00


Низоъҳо иҷтимоӣ миёни сокинони тоҷиктабор ва қирғизтабор қаблан ҳам рӯй дода буданд, вале мақомоти қирғиз низ доимо муваффақ шудаанд, ки аз роҳи музокирот ин гуна баҳсҳоро ҳаллу фасл кунанд.

Охирин бор низоъ байни намояндагони ду қавм рӯзи 29-уми декабри соли гузашта, дар деҳкадаи Андараки минтақаи Лайлаки Ботканд, воқеъ дар қаламрави Қирғизистон, дар пайи ҷанҷоли ҷавонони тоҷику қирғиз сар зад. Мақомоти маҳаллӣ гуфта буданд, ки гурӯҳе аз тоҷикҳои маҳаллӣ се навраси қирғизро дар роҳ ба сӯи мактаб латту кӯб кардаанд.

Ба дунбол тахминан як ҳазор тоҷик ва 500 қирғизи маҳаллӣ ҷамъ шуданд ва шабона миёни онҳо задухӯрде ба амал омадааст. Баъди чанд соат, ин таҷаммуъ ба низои дастаҷамъонаи ҷонибҳо печид ва дар пайи ин ҷанҷол ду хона, чанд дукону нонпазхона ва як мошин ба коми оташ рафта буд.
XS
SM
MD
LG