Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Танишҳо дар марз бо Қирғизистон


Бино бар хабарҳо, дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон миёни қирғизу тоҷикҳо муноқиша ба вуқӯъ пайвастааст.

Хосият Комилова, хабарнигори телевизиони К+ зимни таъйиди ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, худ шоҳиди ин низоъ шудааст ва чанд нафар тоҷикро ҳам дидааст, ки дар ин муноқиша осеб дидаанд: “Ман фақат мошинҳо ва тоҷикҳои калтакхӯрдаро дидам, чанд мошин пора пора шуда буд. Ман ончиро мегӯям, ки дидам ва сабт кардам.”

Ҳодиса дар роҳ ба сӯи Ворухи ноҳияи Исфара дар ҷамоати Сомониён ба вуқӯъ пайвастааст, ки дар дохили қаламрави Қирғизистон воқеъ шудааст. Гуфта мешавад, аввал тоҷикон милисаи қирғизро, ки як шаҳрванди Тоҷикистонро латукӯб карда буд, заданд. Дар посух қирғизҳо роҳро бастаанд.

Неъмат Олимов, раиси ҷамоати Чоркӯҳ низ зимни сӯҳбат бо Радиои Озодӣ, таҷаммӯи мардум дар он минтақаро таъйид кард ва гуфт, ки ниҳодҳои зирабти ҳарду минтақа мушкилро ҳал намуда ва дар ҳоли ҳозир мардуми ҷамъомада пароканда шуданд.

Ин ҳодиса дар ҳоле рух медиҳад, ки ба дунболи ҳодисаи 6-уми апрел дар ин минтақаи марзӣ, ҷонибҳои Қирғизистон ва Тоҷикистон ҳамдигарро барои кӯшиши дастгир кардани гурӯҳе аз сокинони маҳаллӣ айбдор карда буданд ва раҳбарони ноҳияҳои наздимарзии Исфараву Ботканд барои баррасии танишҳои ахири марзӣ миёни сокинон имрӯз гуфтугӯ карданд.

Дар натиҷаи ин ҳодисаи рӯзи 6-уми апрел, аз рӯи гуфти шоҳидон, даҳҳо сокинони маҳаллӣ аз ҳарду тарафи марз таҷаммӯъ карда буданд, аз ҷониби Қирғизистон 150 тан ва Тоҷикистон бештар аз 500 нафар гирди ҳам омада буданд.

Он замон, раисони ноҳияҳои Исфараву Ботканд – Субҳониддин Ашӯров ва Ҳаиталӣ Айкунов мардумро ба оромӣ даъват карда, қарор гузоштанд, ки рӯзи ҷумъаи 8-уми апрел ҳодисаҳои ахири марбут ба танишҳои марзиро дар музокираи вижа баррасӣ кунанд

Ин дар ҳолест, ки нерӯҳои вижаи Қирғизистон шаби 17-уми март як боғи иборат аз 400 бех зардолуро дар як минтақаи баҳсии марзи Тоҷикистону Қирғизистон решакан кардаанд. Неъмат Олимов, раиси хоҷагии деҳқонии “Чоркӯҳ” ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки ин боғ ба хоҷагии ӯ мансуб буд ва дар харитаҳо ҳамчун қаламрави Тоҷикистон дарҷ шудааст.

НУҚТАИ БАҲС МИЁНИ ДУ ҲАМСОЯКИШВАР


Марзи ноҳияи Исфара бо вилояти Ботканди Қирғизистон аз нуқоти ҳассос ва баҳсбарангези марзи Тоҷикистону Қирғизистон маҳсуб шуда, бори аввал соли 1989, ҳанӯз дар аҳди Шӯравӣ ба маҳзи даргирии байни сокинони ду сӯи марз, ки се кушта ба ҷо гузошт, вирди забонҳо шуд.

Дар он айём ҳатто раҳбарони вақти ду кишвар Қаҳҳор Маҳкамов ва Абдусамад Масолиев аз ин маҳалли даргирӣ боздид ва ҷонибҳои низоъро ба сулҳу оштӣ даъват карданд.

Аммо тайи, инак, 22 соле, ки аз он рӯёрӯии аввал ва се соле, ки аз охирин даргирии байни сокинони ду тарафи ин марз мегузарад, то ҳол як роҳҳалли муносиб барои ҳамаи ҷонибҳои ин низоъ таҳия нашуда, баҳси заминҳои марзии Исфара ҳамчунон ба як бушкаи боруте мемонад, ки ҳар як шарора метавонад боис ба дигарбора аланга гирифтанаш шавад.
XS
SM
MD
LG