Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хушбинии Солеҳӣ аз сафари нозирони СММ


Алиакбар Солеҳӣ
Алиакбар Солеҳӣ
Вазири хориҷаи Эрон Алиакбар Солеҳӣ нисбат ба натоиҷи сафари нозирони ҳастаии СММ ба Эрон изҳори хушбинӣ кард. Ин ҳайъат рӯзи якшанбе бо умеди рӯшан кардани табиати эҳтимолии низомии фаъолиятҳои ҳастаии Эрон вориди Теҳрон шуда, то рӯзи 2 феврал дар Эрон хоҳад монд. Ожонси байналмилалии назорати нирӯи атомӣ дар моҳи ноябр гуфт, бархе ҷанбаҳои барномаи ҳастаии Эрон метавонад фақат аҳдофи низомӣ дошта бошад. Раҳбари ҳайъати нозирони Ожонси назорати нирӯи ҳастаӣ гуфт, мехоҳад “тамоми масоили бозмонда бо Эронро ҳалл кунад.” Солеҳӣ гуфт, мунтазири кадом “мӯъҷиза”-е дар натиҷаи ин сафар нест, вале ин “гоми аввал” аст. Ба бовари Ғарб, ҳадафи Эрон сохтани силоҳи ҳастаист, вале Теҳрон барномаи ҳастаияшро сулҳомез меномад.
XS
SM
MD
LG