Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нозирони ҳастаии СММ ба Эрон сафар карданд


Нозирони ҳастаии СММ зиёрати серӯза аз Эронро шурӯъ карданд. Зимни ин сафар Рӯзи якшанбе гурӯҳи нозирони ҳастаии СММ бо ҳадафи андохтани рӯшанӣ ба паҳлӯҳои торики барномаи ҳастаии Эрон вориди Теҳрон шуд. Раиси ҳайати нозирони Агентии Байналмилалии Нерӯи Ҳастаӣ гуфт, ҳайат мехоҳад баъзе масъалаҳои мавҷуд дар иртибот бо барномаи ҳастаии Теҳронро баҳс кунад. Мамолики ғарбӣ бар ин назаранд, ки ҳадафи ниҳонии барномаи ҳастаии Теҳрон тавлиди силоҳи ҳастаӣ мебошад, вале мақомоти Ҷумҳурии исломӣ доимо ин айбномаро рад мекунанд.
Муовини мудири Агентии Байналмилалии Нерӯи Ҳастаӣ Ҳерман Ҳейкертс, ки раҳбарии ҳайатро бар дӯш дорад, дар арафаи сафар ба Теҳрон дар шаҳри Вена гуфт, ӯ умед дорад, ки мансабдорони эронӣ ба баҳси паҳлӯҳои эҳтимолан низомии барномаи ҳастаии Эрон омода хоҳанд буд.
Коршиносон дар баробари эътирофи ҳаққи Эрон ба истифодаи осоиштаи нерӯи ҳастаӣ исрор меварзанд, ки ғанигардонии уран дар як коргоҳи зеризаминӣ метавонад ҳадафҳои хеле васеътар аз тавлиди нерӯи атомиро мадди назар дошта бошад.
Моҳи равон бо мақсади водор намудани Теҳрон ба таваққуфи барномаи ҳастаӣ ИМА ва Иттиҳодияи Аврупо тавсеаи таҳрими Эрон ва аз ҷумла таҳрими нафти Ҷумҳурии исломиро пешниҳод карданд. Иттиҳодияи Аврупо гуфт, ки сар аз якуми июл хариди нафти Эронро мутаваққиф мекунад. Дар ҷавоб вакилони мардумии Эрон таҳдид карданд, ки содироти нафт ба 27 кишвари Иттиҳодияи Аврупоро фавран қатъ мекунанд, вале рӯзи якшанбе лоиҳаи ин санад ба Маҷлиси Шӯрои Исломӣ пешниҳод нашуд.
Имод Ҳусайнӣ раиси комиссияи энергетикии парламенти Эрон гуфт, ҳоло санад омода нест. Ӯ афзуд, чунин пешниҳоде мавриди баҳс аст ва эҳтимол то рӯзи ҷумъаи сеюми феврал лоиҳаи он матраҳ хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG