Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамла ба Академияи олии низомӣ дар Аббатобод


Афроди ношинос ба бинои Академияи олии низомии Покистон воқеъ дар шаҳри Аббатобод нӯҳ мӯшак андохтанд.

Ба иттилои намояндаи полиси шаҳр Абдул Карим ба касе осеб нарасидааст, бархе деворҳои биноҳо сурох шуданд.

Академияи олии низомӣ дар канори манзиле воқеъ аст, ки он ҷо моҳи майи соли гузашта бар асари амалиёти вижаи нерӯҳои амркиоӣ раҳбари Ал-Қоида Усома бин Лодин кушта шуд.

Масъулияти ҳамла ба Академияро ҳанӯз касе ё гурӯҳе бар дӯш нагирифтааст.
XS
SM
MD
LG