Мӯйе, ки гуфта мешавад, торҳои риши паёмбари Ислом Муҳаммад аст, рӯзи панҷшанбе ба масҷиди Аҳмад Қодиров дар пойтахти Чеченистон, шаҳри Грозний оварда шуд. Бино бар хабарҳо ҳазорон нафар аз мусулмонони Чеченистон ва ҷамоҳири ҳамсояи он – Доғистон, Кабардину Балқар ва Ингушистон ба зиёрат аз ин ёдгории муқаддас ба фурудгоҳи Грозний ва масҷиди мазкур омаданд. Раҳбари зериҳимояи Маскави Чеченистон, Рамзан Қодиров гуфт, ба кишвараш оварда шудани ин ёдгории муқаддас, ки гӯё дар Узбакистон нигаҳдорӣ мешуд, беҳтарин далели сулҳ ва ваҳдат дар ин ҷумҳурӣ мебошад.