Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хадамоти муҳоҷират ғояи меҳмондории тоссарҳоро рад кард


Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати Тоҷикистон бо як изҳороти расмӣ хабарҳои инро, ки ин ниҳод мехоҳад, сартарошидаҳои русро ба ҷашнвораи ҷавонон дар Тоҷикистон даъват кунад, рад намуд. Дар изҳорот гуфта мешавад, ташкили ҷашнвораҳо танҳо бо қарори ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад ва дар салоҳияти Хадамоти муҳоҷират нест. Вале изофа шудааст, пешниҳоди даъвати нажодпарастони рус аз тарафи донишҷӯёни Донишгоҳи славянии Тоҷикистон дар охири соли гузашта садо дода буд. Нақшаи меҳмондории сартарошидаҳои русро корманди Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон Туғрал Хайруллоев дар мусоҳиба бо Би-би-сӣ баён дошта буд.
XS
SM
MD
LG