Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ёздаҳ зоири эронӣ дар Сурия рабуда шудаанд


Вазорати умури хориҷии Эрон мегӯяд, 11 зоири эронӣ аз тарафи гурӯҳи номаълум дар Сурия рабуда шудаанд. Теҳрон аз ҳукумати Сурия хост, барои озодии онҳо аз тамоми чораҳо кор бигирад. Зиёраткунандагони эронӣ дар роҳ ба Димишқ нопадид гаштаанд. Дар айни чунин моҷаро дар моҳи декабр 7 муҳандиси эронӣ дар Ҳумс – пойгоҳи ошӯбҳои зидди режими раисиҷумҳур Башор Асад рабуда шуданд. Гурӯҳҳои зидди Асад Теҳронро ба он айбдор мекунанд, ки гӯё дар саркӯби онҳо ба режим кӯмак мерасонад.
XS
SM
MD
LG