Маҳмуд Аҳмадинажод-раиси ҷумҳури Эрон имрӯз зимни суханони худ дар шаҳри Рафсанҷон таҳримҳои нави Иттиҳодияи Аврупоро бар зидди кишвараш “беҳуда” номид. Вай ҳамчунин дар ин суханронӣ изҳор дошт, ки Эрон барои музокироти нав роҷеъ ба барномаҳои ҳастаиаш омода аст. Рӯзи душанбе Иттиҳодияи Аврупо бар зидди воридоти нафти хоми Эрон таҳрим эълон кард. Пештар Амрико бар зидди Эрон таҳримҳои иловагии моливу иқтисодӣ ҷорӣ карда буд.