Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафорати Бритониё виза намедиҳад. Ба донишҷӯёни тоҷик


Сафорати Бритониё дар Тоҷикистон мегӯяд, додани виза барои донишомӯзони тоҷикро қатъ кардааст.

Сафорати Бритониёи Кабир дар Тоҷикистон додани раводиди сафар ё худ виза барои таҳсил дар ин кишварро барои ҷавонони тоҷик қатъ намудааст. Масъулони сафорат ҷузъиёти бештареро дар ин бора ироа накардаанд.

Аммо онҳо мегӯянд, шаҳрвандони Тоҷикистон барои дарёфти раводид барои таҳсил дар Бритониё метавонанд ба сафорати ин кишвар дар Қазоқистон муроҷиат кунанд.

Як манбаъ дар сафорати Бритониё, ки нахост номаш бурда шавад, иллати қатъи додани раводид барои таҳсил дар ин кишварро баён кард. Вай гуфт, сабаб ин аст, ки аксар ҷавонони тоҷик пас аз хатми таҳсил талаботи раводидро вайрон карда, ба ватани худ барнамегарданд ва барои зиндагӣ дар Бритониё боқӣ мемонанд.

Ҳамчунин ӯ зикр кард, баъзе аз ширкатҳое, ки ҷавононро барои таҳсил ба Бритониё мефиристанд, тааҳудоти молиявии худро дар сурати бемор шудани мизоҷашон иҷро намекунанд ва донишҷӯён дар он ҷо бе сарпаноҳ мемонанд.

Эҳтимол барои ҳар донишҷӯ таҳсил дар донишгоҳҳои маъруфи Бритониё мояи ифтихор бошад. Вале тавре маълум мешавад, гирифтани раводиди сафар ба ин кишвар шояд аз ворид шудан ба ин донишгоҳҳо душвортар бошад.

Сурайё Мӯъминова, як ҷавондухтари тоҷик, барои дарёфти раводид барои таҳсил дар Бритониё ду моҳро дар Маскав сипарӣ кардааст. Аз ин пеш, ӯ ба сафорати Бритониё дар Қазоқистон муроҷиат карда буд.

"Муддати тақрибан ду моҳ дар Маскав будам ба хотири визаи таҳсил дар Бритониё. Ин кори хеле душвор аст, дар кишвари бегона дарёфт кардани виза барои кишвари севум. Ҳамчунин, маблағҳои зиёдеро ҳам сарф кардам барои дарёфти виза",-баён дошт Сурайё.

Ин ҷавондухтари тоҷик мегӯяд, агар сафорати Бритониё дар Тоҷикистон барои таҳсил дар ин кишвар раводид медод, мушкили онҳое, ки мехоҳанд дар ин кишвар таҳсил кунанд, хеле сабук мегардид.

Вале қатъи додани раводид барои таҳсил дар Бритониё барои ҷавонони тоҷик дар ҳолест, ки донишомӯзони мо мегӯянд, ҳангоми таҳсил дар он кишвар мушкиле надоранд.

Зуҳуршо Раҳматуллоев, як ҷавони тоҷик, ки ҳудуди 6 сол дар Бритониё таҳсил кардааст, гуфт, ҷамъияти тоҷикон дар ин кишвар тифоқанд. Ба қавли ӯ, аксари ҷавонони тоҷик якҷоя манзилеро кироя карда, кор ва таҳсил мекунанд.

"Раводиди таҳсил дар Бритониё ҳуқуқи корро барои донишҷӯён ба муддати 20 соат дар як ҳафтаро додааст. Аксар ҷавонони тоҷик, ки дар Бритониё таҳсил мекунанд, дар меҳмонхонаҳо, тарабхонаҳо ва дигар мавзеҳои маишӣ низ кор мекунанд",-гуфт Зуҳуршо.
XS
SM
MD
LG