Пайвандҳои дастрасӣ

Консерти сарояндагони кишварҳои форсизабон дар Лондон бидуни Садриддини Наҷмиддин баргузор шуд.

Ба овозхони саршиноси тоҷик Садриддин Наҷмиддин, ки қарор буд дар Лондон дар як консерти муштарак бо Афшин ва Фарҳоди Дарё ширкат кунад, консулгарии сафорати Бритониё дар Алмаато раводид надодааст.

Қамариддин Мирзоев, продюссери овозхон, гуфт, Садриддин бо гурӯҳи навозандагонаш, ки раводиди сафар нагирифтанд, ба шаҳри Душанбе баргаштаанд. Оғои Мирзоев гуфт, онҳо барои сафар ба Лондон беш аз як моҳ омодагӣ дида, посухи манфии сафорати Бритониё онҳоро андӯҳгин кардааст.

Аммо Садриддин ноумед нест ва ҳоло ӯ ба консертҳои навбатиаш дар базмҳои солинавӣ дар Амрикову Тоҷикистон омодагӣ мебинад, афзуд Қамариддин Мирзоев.

Садриддин албоми навбатии худро дар Амрико бо ҳамкории коргардони шабакаи PMC Коҷи Задорӣ таҳия намудааст. Ин албом аз ду бахш таронаҳои бо шеваи эронӣ ва тоҷикӣ сароида шуда иборат аст, гуфт Қамариддин Мирзоев.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG