Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳои манфии RSF ба вазъи матбуоти Тоҷикистон


Созмони Гузоришгарони Бидуни Марз, бо нашри шохиси нави озодии матбуот дар саросари ҷаҳон Тоҷикистонро дар мақоми 122 қарор дода ва гуфтааст, ки соли 2011 соли нохуб барои матбуот буд. Ин созмони ҳомии озодии сухан, ки дар шаҳри Порис қароргоҳ дорад, мегӯяд, мақомоти Тоҷикистон ҳамчунон мардумро бо шабаҳи ҷанги харобиовари шаҳрвандӣ ва ифротгароии исломӣ метарсонанд ва бо истифода аз ин шева ба матбуоти мустақил дар Тоҷикистон фишор меоранд. Аз назари озодии матбуот Тоҷикистон дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ пас аз Қирғизистон ва болотар аз Қазоқистону Ӯзбакистон ва Туркманистон ҷой гирифтааст.
XS
SM
MD
LG