Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Форуми Ҷаҳонии Иқтисодӣ дар Давос оғоз меёбад


Бӯҳрони қарзӣ дар ҳавзаи евро ва паёмадҳои ҷаҳонии он аз мавзӯъи аслии сӯҳбат дар Форуми Ҷаҳонии Иқтисодӣ хоҳад буд, ки имрӯз дар осоишгоҳи Давоси Швейтсария шурӯъ мешавад. Ҳамоиши мазкур бо суханронии Ангела Меркел, садри аъзами Олмон, оғоз хоҳад ёфт ва имсол дар он 2600 тоҷирону сиёсатмадорони бонуфузи ҷаҳонӣ ширкат мекунанд. Бино ба гузоришҳо, сарнавишти сармоядорӣ ва ё капитализм яке аз мавзӯъҳои форум аст. Тақвияти қудрати Чин, меъёрҳои муомилоти молӣ ва оқибатҳои тазоҳуротҳои демократӣ дар саросари ҷаҳон низ дар Форуми Ҷаҳонии Иқтисодӣ баҳс хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG