Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкати эронии "Метро" ҳамкориро ба таъхир андохтааст


Низом Ҳакимов-вазири нақлиёти Тоҷикистон гуфт, ширкати эронии "Метро" омӯзишҳои пешакии қисмати тоҷикистонии роҳи оҳани байналмилалии "Кошғар-Ҳирот"-ро бояд то моҳи декабри соли гузашта ба анҷом мерасонд, аммо ширкат ҳамеша таъхир мекунад. Вазир гуфт, дар сурати идомаи таъхир ҷониби Тоҷикистон метавонад "Метро"-ро бо ширкати дигар иваз кунад. Омӯзишҳои қаблии қисмати тоҷикистонии роҳи оҳани "Кошғар-Ҳирот" аз моҳи апрели соли 2011 бо 1 миллион доллар кӯмаки билоивази Эрон шурӯъ шуда буд. Тибқи иттилои расмӣ, қисмати тоҷикистонӣ 392 километрро ташкил мекунад ва барои ҳар як километри он, ба шумули 16 километр нақб ва 47 пул, тақрибан то 10 миллион доллар сармоя зарур аст.
XS
SM
MD
LG