Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар бамгузориҳои Бағдод 13 нафар кушта шуданд


Инфиҷорҳои алоҳидаи ду мошини бамгузоришуда дар Бағдод дастикам 13 нафар кушта ва 70 нафари дигарро захмӣ бар ҷой гузошт. Дар ин бамгузориҳо пайравони мазҳаби шиа ҳадаф қарор гирифта буданд. Нахустин инфиҷор замоне рух дод, ки коргарон дар маҳали кори худ ҷамъ шуда буданд ва мунтазири кор буданд. Инфиҷори дуввум дар наздикии гузаргоҳ рух дод. Ин ду инфиҷор дар шаҳраки Садри Бағдод иттифоқ афтодааст.
XS
SM
MD
LG