Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоми Иттиҳод-2012: Эрон - Тоҷикистон - 5:0


Дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Иттиҳод-2012 аз тими Эрон бо ҳисоби 0:5 шикаст хӯрд.

Ин бозии даври охирини гурӯҳи "С" дар маҷмааи варзишию фарҳангии "Петербургский" (СКК "Петербургский")-и шаҳри Санкт-Петербурги Русия баргузор шуд. Эрониҳо дар нимаи аввали дидор як гол ва дар нимаи дувум чаҳор гол ба самар расонданд.

Дар бозии дигари ин гурӯҳ дастаи Литва бар мунтахаби Беларус бо ҳисоби 1:0 ғалаба кард.

Дар гурӯҳи "С" тими Эрон бо 7 имтиёз мақоми аввалро касб кард. Дастаи Литва бо 4 имтиёз дувум шуд. Тими Беларус низ 4 имтиёз ба даст овард, вале аз рақибаш, ки шикаст хӯрдааст, дар ҷойи севум қарор гирифт. Мунтахаби Тоҷикистон бо як имтиёз дар зинаи охирин ҷойгир шуд.

Ҳамин тариқ, аз ин гурӯҳ дастаҳои Эрон ва Литва ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфтанд. Дастаи Тоҷикистон барои ҷойҳои 9-12-ум талош хоҳад кард.

Натоиҷи бозиҳои охирин дар гурӯҳҳои дигар чунин аст: гурӯҳи "А" - Қазоқистон - Эстония - 3:1, Русия - Туркманистон – 0:0, гурӯҳи "В" - Украина - Латвия – 2:0, Молдова - Қирғизистон – 2:1.

Дар гурӯҳи "А" Русия бо 7 имтиёз ҷойи аввалро касб кард. Қазоқистон бо 6 имтиёз дувум шуд. Ҳарду даста ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфтанд. Туркманистон бо 4 имтиёз дар ҷойи севум ва Эстония бидуни имтиёз дар ҷои охирин қарор гирифтанд.

Дар гурӯҳи "В" Украина бо 9 имтиёз ҷойи аввал ва Молдова бо 4 имтиёз ҷойи дувумро соҳиб шуда, ба чаҳорякфинал баромаданд. Латвия бо чаҳор имтиёз дар зинаи севум ва Қирғизистон бидуни имтиёз дар зинаи охирин ҷойгир шуданд.

Инчунин, дастаҳои Беларус ва Латвия, ки миёни тимҳои ҷойҳои сеюмро соҳибшуда натоиҷи хубтар доранд, ба чаҳорякфинал баромаданд.



Тақвими бозиҳо

19-уми январ

12.00. Украина – Молдова – 1:0
14.15. Қирғизистон – Латвия – 2:3
17.00. Русия – Қазоқистон – 1:0
20.00. Эстония – Туркманистон – 0:1

20-уми январ

12.30. Беларус – Эрон – 0:0
15.00. Тоҷикистон – Литва – 0:0
17.30. Қазоқистон – Туркманистон - 3:1
20.00. Русия – Эстония - 1:0

21-уми январ

12.30. Украина – Қирғизистон - 4:0
15.00. Молдова– Латвия - 0:0
17.30. Беларус – Тоҷикистон - 2:0
20.00. Эрон - Литва - 3:0

22-юми январ

12.30. Украина – Латвия – 2:0
15.00. Молдова – Қирғизистон – 2:1
17.30. Қазоқистон – Эстония – 3:1
20.00. Русия – Туркманистон – 0:0

23-юми январ

17.30. Беларус – Литва – 0:1
20.00. Эрон – Тоҷикистон – 5:0

24-уми январ

17.30. Бозӣ барои ҷойҳои 9-12-ум: Туркманистон - Қирғизистон 1:3
20.00. Бозӣ барои ҷойҳои 9-12-ум: Тоҷикистон - Эстония 1:1

25-уми январ

12.30. ¼ финал: Қазоқистон - Беларус 2:3
15.00. ¼ финал: Эрон - Латвия 1:1, аз рӯи пеналтӣ 1:4
17.30. ¼ финал: Украина - Литва
20.00. ¼ финал: Русия - Молдова

26-уми январ

18.00.Бозӣ барои ҷойҳои 9-12-ум
20.00.Бозӣ барои ҷойҳои 9-12-ум

27-уми январ

12.30.Бозӣ барои ҷойҳои 5-8-ум
15.00.Бозӣ барои ҷойҳои 5-8-ум
17.30. 1/2 финал
20.00. 1/2 финал

28-уми январ

12.30. Бозӣ барои ҷойи 11-ум
14.30. Бозӣ барои ҷойи 9-ум

29-уми январ

12.00. Бозӣ барои ҷойи 7-ум
14.15.Бозӣ барои ҷойи 5-ум
16.30.Бозӣ барои ҷойи 3-юм
19.00. Финал ё бозии ниҳоӣ

Эзоҳ: Замони оғози бозиҳо ба вақти Маскав аст.

Эрон - Тоҷикистон - 5:0 (1:0)

Голҳо: Барзой, 20 (1:0). Озмун, 47 (2:0). Озмун, 50 (3:0). Исмоил, 71 (4:0). Озмун, 84 (5:0).

Ҳамлагари мунтахаби Эрон Озмун, ки дар ин бозӣ се гол зада, хет-трик кард, бо чаҳор гол дар рӯйхати беҳтарин нишонзанҳои мусобиқот дар ҷойи аввал мебошад.

Эрон: Мӯҳсинзода (Сидқӣ, 60), Вакио, Чашмӣ (Муродманд, 64), Қонунӣ, Ҳайдарё (Энгаштӣ, 77), Абдуллозода (Ҷаҳонкӯҳан, 59), Донишгар, Ҷаҳонбаҳм, Паҳлавон (Зорӣ, 73), Барзой (Исмоил, 52), Чӯпонӣ (Озмун, 27).

Тоҷикистон: Саидраҳмонов (Бердиев, 75), Ҳабибуллоев, Асроров, Раҷабов, Назаров, Комрони Мирзохон (Қаландаров, 65), Файзов (Зардиев, 75), Фатҳуллоев (Ғаффоров, 79), Давронов, Ҳоҷибоев (Шарифов, 46), Рустамов (Тӯхтасунов, 46).

Огоҳӣ: Барзой, 20. Паҳлавон, 42. Қонунӣ, 61. Файзов, 73.

Доварон: Иванов, Стипиди, Степанов.
XS
SM
MD
LG