Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоми Иттиҳод-2012: Эрон - Тоҷикистон


Бозии миёни дастаҳои ҷавонони Тоҷикистону Беларус
Бозии миёни дастаҳои ҷавонони Тоҷикистону Беларус

Дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон имрӯз, 23-юми январ бо тими Эрон бозӣ мекунад.

Ин бозии даври охирини гурӯҳи "С" дар Ҷоми Иттиҳод-2012 дар маҷмааи варзишию фарҳангии "Петербургский" (СКК "Петербургский")-и шаҳри Санкт Петербурги Русия соати 20 ба вақти Маскав шурӯъ мешавад.

Дар бозии дигари ин гурӯҳ дастаҳои мунтахаби Беларус ва Литва қувваозмоӣ хоҳанд кард. Ҳоло дар гурӯҳи "С" дастаҳои Эрон ва Беларус бо чаҳоримтиёзӣ пешсафанд. Тимҳои Тоҷикистон ва Литва якимтиёзӣ ба даст овардаанд.

Натоиҷи бозиҳои охирин дар гурӯҳҳои дигар чунин аст: гурӯҳи "А" - Қазоқистон - Эстония - 3:1, Русия - Туркманистон – 0:0, гурӯҳи "В" - Украина - Латвия – 2:0, Молдова - Қирғизистон – 2:1.

Дар гурӯҳи "А" Русия бо 7 имтиёз ҷойи аввалро касб кард. Қазоқистон бо 6 имтиёз дувум шуд. Ҳарду даста ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфтанд. Туркманистон бо 4 имтиёз дар ҷойи севум ва Эстония бидуни имтиёз дар ҷои охирин қарор гирифтанд.

Дар гурӯҳи "В" Украина бо 9 имтиёз ҷойи аввал ва Молдова бо 4 имтиёз ҷойи дувумро соҳиб шуда, ба чаҳорякфинал баромаданд. Латвия бо чаҳор имтиёз дар зинаи севум ва Қирғизистон бидуни имтиёз дар зинаи охирин ҷойгир шуданд.

Тақвими бозиҳо

19-уми январ

12.00. Украина – Молдова – 1:0
14.15. Қирғизистон – Латвия – 2:3
17.00. Русия – Қазоқистон – 1:0
20.00. Эстония – Туркманистон – 0:1

20-уми январ

12.30. Беларус – Эрон – 0:0
15.00. Тоҷикистон – Литва – 0:0
17.30. Қазоқистон – Туркманистон - 3:1
20.00. Русия – Эстония - 1:0

21-уми январ

12.30. Украина – Қирғизистон - 4:0
15.00. Молдова– Латвия - 0:0
17.30. Беларус – Тоҷикистон - 2:0
20.00. Эрон - Литва - 3:0

22-юми январ

12.30. Украина – Латвия – 2:0
15.00. Молдова – Қирғизистон – 2:1
17.30. Қазоқистон – Эстония – 3:1
20.00. Русия – Туркманистон – 0:0

23-юми январ

17.30. Беларус – Литва
20.00. Эрон – Тоҷикистон

24-уми январ

18.00. Бозӣ барои ҷойҳои 9-12-ум
20.00. Бозӣ барои ҷойҳои 9-12-ум

25-уми январ

12.30. ¼ финал
15.00. ¼ финал
17.30. ¼ финал
20.00. ¼ финал

26-уми январ

18.00.Бозӣ барои ҷойҳои 9-12-ум
20.00.Бозӣ барои ҷойҳои 9-12-ум

27-уми январ

12.30.Бозӣ барои ҷойҳои 5-8-ум
15.00.Бозӣ барои ҷойҳои 5-8-ум
17.30. 1/2 финал
20.00. 1/2 финал

28-уми январ

12.30. Бозӣ барои ҷойи 11-ум
14.30. Бозӣ барои ҷойи 9-ум

29-уми январ

12.00. Бозӣ барои ҷойи 7-ум
14.15.Бозӣ барои ҷойи 5-ум
16.30.Бозӣ барои ҷойи 3-юм
19.00. Финал ё бозии ниҳоӣ

Эзоҳ: Замони оғози бозиҳо ба вақти Маскав аст.
XS
SM
MD
LG