Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аврупо воридоти нафт аз Эронро мамнӯъ кард


Иттиҳодияи Аврупо бо қабули қароре воридоти нафт аз Эронро мамнӯъ кард, ки бахше аз таҳримот алайҳи барномаҳои атомии ин кишвар аст. Бар асоси ин қарор, бастани қарордодҳои нави хариди нафт ва маҳсулоти нафтӣ аз Эрон мамнӯъ аст ва қарордҳои феълии дуҷониба то рӯзи якуми июл иҷро мешаванд. Вилям Ҳейг, вазири умури хориҷии Бритониё, таҳримоти нав алайҳи барномаҳои атомии Эронро бесобиқа номид. Кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо аз панҷ як ҳиссаи нафту маҳсулоти нафтии худро аз Эрон мехаранд. Кетрин Эштон, масъули сиёсатҳои хориҷии Иттиҳодияи Аврупо дар ин бора гуфт: “Фишор аз роҳи таҳримот ба хотири он аст, ки Эрон талабҳои моро ҷиддӣ бигирад ва ба сари мизи музокирот ва ба гуфтӯгу баргардад.” Қарор аст, Иттиҳодияи Аврупо ҳамчунин муомила бо Бонки Миллии Эронро мамнӯъ кунад. Кишварҳои ғарбӣ мегӯянд, Эрон таҳти пӯшиши барномаҳои сулҳомези атомӣ бомби атомӣ месозад, иддаъое, ки давлати Эрон пайваста рад мекунад.
XS
SM
MD
LG