Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гроссман ва Карзай музокирот бо Толибонро баррасӣ мекунанд


Марк Гроссман
Марк Гроссман
Марк Гроссман, намояндаи вижаи ИМА дар умури Афғонистону Покистон, имрӯз ба хотири музокирот бо раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай оид ба шурӯи гуфтушуниди сулҳ бо ҷунбиши “Толибон” вориди Кобул шуд.

Аз ин пеш раҳбарони толибон эълом доштанд, ки барои музокирот бо Амрико аз тариқи намояндагии муваққаташон дар Қатар омодаанд.

Гуфта мешавад, Марк Гроссман ва Ҳомид Карзай мавзӯъи нақши Кобул дар ин музокиротро баррасӣ мекунанд. Сарвари Афғонистон аз он нигарон аст, ки ҳукуматаш дар гуфтушунид бо "Толибон" нақши андак хоҳад дошт.
XS
SM
MD
LG