Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Катрин Аштон: "Мунтазири посухи Эрон ҳастем"


Иттиҳодияи Аврупо рӯз ҷумъа гуфт, ки ин ниҳод ҳанӯз мунтазири посухи Эрон дар мавриди оғози гуфтугӯҳои ҳастаӣ мебошад.

Катрин Аштон, раиси сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо моҳи октябр тайи як нома ба Саид Ҷалилӣ, котиби Шӯрои олии амнияти Эрон гуфта буд, агар Теҳрон ба таври ҷиддӣ омодаи музокироти ҳастаӣ ҳаст, қудратҳои ҷаҳонӣ омодаанд дар тӯли чанд ҳафта сари мизи музокира бинишинанд. Аз ин қабл Саид Ҷалилӣ дар номае аз тамоюли Эрон ба оғози музокирот хабар дода буд.

Акнун дафтари масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо бо интишори як баёния мегӯяд: «Мо мунтазири вокуниши Теҳрон ҳастем.»

Масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо онгоҳ гуфта буд: «Барои он, ки ин равандро оғоз кунем, ҳадафи нахустини мо эътимодсозӣ ба манзури осонии гуфтугӯи созанда мебошад.»

Аштон, ки ба намояндагӣ аз панҷ узви Шӯрои Амният ба иловаи Олмон бо Эрон гуфтугӯ мекунад, ҳамчунин таъкид карда буд, ки ҳар гуна музокирот набояд такрори баҳсҳои гузашта бошад ва даст ёфтан ба натиҷаҳои назаррас дар ин музокирот зарур мебошад.

Охирин даври музокироти Эрон бо гурӯҳи панҷ ба иловаи як, соли гузашта бидуни натиҷае поён ёфт ва ду тараф ҳатто ҳозир ба анҷоми нишасти матбуотии муштарак нашуданд.

Аз сӯи дигар дар Вошингтон Виктория Нуланд, сухангӯи вазорати умури хориҷии Амрико гуфтааст, агар гуфтугӯе сурат бигирад, мавқеи Чин, Русия, Фаронса, Бритониё, Амрико ва Олмон дар музокироти ҳастаӣ ягона хоҳад буд.

Баёнияи дафтари Катрин Аштон дар ҳоле аст, ки Аҳмад Довудоғлу, вазири умури хориҷии Туркия рӯзи панҷшанбе дар як нишасти хабарии муштарак бо Али Акбар Солеҳӣ, ҳамтои эронии худ эълом кард, ки Теҳрон ва гурӯҳи панҷ ба иловаи як, барои оғози гуфтугӯҳои ҳастаӣ тамоюл нишон додаанд. Вазири умури хориҷии Туркия зимни ибрози омодагӣ барои мизбонии ин гуфтугӯҳо, хостори оғози ҳар чи зудтари музокирот ва коҳиши таниши мавҷуд миёни Теҳрон ва кишварҳои ғарбӣ шуд.

Бо ин ҳол як сухангӯи масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо бо ишора ба суханони Аҳмад Довудоғлу ба хабаргузории Фаронса гуфт: «Мо ҳамеша гуфтаем, ки аз гуфтугӯҳо истиқбол мекунем. Бо ин ҳол мо музокира намекунем, то инки Эрон посухи номаи моҳи октябри Катрин Аштонро бидиҳад.»
XS
SM
MD
LG