Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаронса дар Афғонистон барномаҳои машқро бозмедорад


Никола Саркозӣ
Никола Саркозӣ
Никола Саркозӣ-раиси ҷумҳури Фаронса гуфт, кишвараш ҳамаи барномаҳои машқ барои низомиёни Афғонистонро ба таъхир меандозад. Ин дар ҳолест, ки дар ҷараёни амалиёти муштараки низомӣ як сарбози шубҳаовари артиши Афғонистон дар шарқи ин кишвар 4 сарбози Фаронсаро паррондааст.

“Мо бо мардуми афғон дӯст ҳастем, мо муттаҳиди мардуми афғон мебошем. Вале ман наметавонам тирандозии сарбозони Афғонистонро ба сӯи сарбозони Фаронса қабул кунам”.

Саркозӣ афзуд, оташ кушодани сарбозони афғон ба сӯи нируҳои Фаронса “ғайри қобили қабул” аст. Мақомоти Афғонистон мегӯянд, дар ин ҳодиса дар вилояти Кописо 17 сарбози дигари Фаронса захми тир бардоштаанд. Ҳоло 3600 низомии Фаронса дар таркиби нируҳои НАТО дар Афғонистон мустақар мебошанд. Аз соли 2001 ба ин сӯ дар ин кишвар бештар аз 80 нафар низомиёни Фаронса кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG