Давлати Эрон мегӯяд, иттилоъоти ифшошуда аз Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ барои қатли донишманди ҳастаии ин кишвар дар ҳафтаи гузашта истифода кардаанд. Мустафо Аҳмади Рӯшанро рӯзи 11 январ бо гузоштани бомби оҳанрабоӣ дар дари мошинаш дар шаҳри Теҳрон куштанд. Исҳоқ Ҳабиб, муовини сафири Эрон дар Созмони Милал гуфт, “ба эҳтимоли қавӣ”, барои тарҳрезии сӯиқасд аз иттилоъоти дарёфтшуда аз ниҳодҳои Созмони Милал истифода шудааст: “Ба эҳтимоли қавӣ, ин ҳалқаҳои террористӣ иттилоъоти дастрасшуда аз ниҳодҳои Созмони Милал аз ҷумла аз феҳрасти қатъномаҳои Созмони Милал ва мусоҳибаҳои нозирони Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ бо донишмандони ҳастаии моро истифода карда ва бо шиносоии онҳо, амалҳои шуми худро анҷом додаанд.” Мартин Несинскӣ, сухангӯи Созмони Милал гуфт, иддаъоҳо дар ин замина таҳқиқ мешавад. Эрон Амрикову Исроилро ба қатли донишманди худ муттаҳам кардааст, вале ҳарду кишвар ин иддаъоро рад мекунанд. Эрону кишварҳои ғарбӣ солҳост, сари барномаҳои атомии Эрон баҳсу кашмакаш доранд.