Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сартарошидаҳо ба Тоҷикистон даъват хоҳанд шуд


Аъзои Иттиҳоди нажодпарастони рус дар "Марши русӣ", 4-уми ноябри соли 2011.
Аъзои Иттиҳоди нажодпарастони рус дар "Марши русӣ", 4-уми ноябри соли 2011.

Хадамоти муҳоҷират мехоҳад, нажодпарастони русро ба ҷашнворае дар Тоҷикистон даъват кунад.

Намояндаи ин ниҳоди Тоҷикистон Туғрал Хайруллоев ба Бахши русии Би-би-сӣ гуфтааст, “ин афрод бояд ба кишвари мо оянд, онро бубинанд, бо мардум вохӯранд ва муносибати худро ба мо иваз кунанд.”

Даъват ва ширкати сартарошидаҳои Русия дар ҷашнвораи Тоҷикистон чӣ гуна сурат хоҳад гирифт, дар ҳоли баррасист. Баргузории ин ҷашнвора бахше аз маъракаи беҳбуди симо ё имиҷи Тоҷикистон ва тоҷикон дониста мешавад.

Расонаҳои ахбори оми Русия, телевизион, радио ва синемои ин кишвар тайи солҳо аз муҳоҷири тоҷик як симои комилан манфиро дуруст кардаанд, ки дар зеҳни шаҳрвандони қаторӣ нақш бастааст. Ин нуктаро чанд нафар аз сокинони Маскав дар тамосҳои телефонӣ тасдиқ карданд. Хонум Зинаида Павловна ба Радиои Озодӣ гуфт, муҳоҷири тоҷик дар тасаввури ӯ “шахси дурӯғгӯ ва чиркинест, ки забони русӣ ва ягон касбукори муайянро ба хубӣ намедонад ва танҳо мехоҳад, пул ба даст орад.” Павел, ҳамсӯҳбати дигари мо гуфт, ба ақидаи ӯ, “тоҷикони ҷавон муҳоҷироне ҳастанд, ки пасттарин корҳоро ба зимма мегиранд, дар хурсандии худ зиёдаравӣ мекунанд ва тоҷикони калонсол ё занону кӯдакони хурдсоли онҳо дар кӯчаҳо бо гадоӣ машғуланд.” Аммо Виталий Максимови 48-сола гуфт, вай фикр мекунад, тоҷикон мардуми заҳматкаш ва ростқвале ҳастанд, ки зиндагии мушкил дар ватан онҳоро маҷбур кардааст, рӯзии хешро дар Русия ҷӯянд. Ба ақидаи Виталий "миллатҳо бад ё нек нестанд, балки дар ҳар қавм ҳар тоифа мардум вомехӯрад."

Тоссарҳоро ба Тоҷикистон даъват мекунанд...
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:39 0:00



Журналист ва коршиноси умури Осиёи Марказӣ, Аркадий Дубнов, мегӯяд, моҳҳои охир симои Тоҷикистон ва тоҷикон дар Русия воқеан ба сатҳи хеле паст афтодааст: “Махсусан моҷарои марбут ба халабонҳо ва ҳарҷу марҷи палидонае, ки баъд аз суханони пизишки санитарии Русия Геннадий Онишенко дар бораи он ки муҳоҷирони тоҷик ба Русия бемориҳои сил ва СПИД меоранд, сар шуда буд, воқеан як васвасаи зиддитоҷикӣ шурӯъ шуд.”

Ҳамзамон, ҷаноби Дубнов мегӯяд, вазъ дар Тоҷикистон ва амалкардҳои ҳукумати ин кишвар ва хабарҳое, ки аз Тоҷикистон паҳн мешаванд, ба имиҷи тоҷикон дар Русия таъсири бевосита доранд. Бар замми моҷарои халабонҳо вай аз фишорҳои давлат ба диндорон, шиканҷаи боздоштшудаҳо, талошҳои ҳукумат ба бозиҳои сиёсӣ бо Иёлоти Муттаҳида ва Чин, манъи наврасон аз рафтан ба масҷид, бозгардони донишҷӯён аз мардрасаҳо, қатли Бобои барфӣ дар Душанбе ва хабарҳои дигаре ёдрас шуд, ки дар расонаҳои Русия бозтоби густарда доштаанд. Бо вуҷуди ин, меафзояд ҷаноби Дубнов симои тоҷикон ва Тоҷикистон дар зеҳни як бахши мардум дар Русия хеле мусбат аст: “Ин бахш тавонмандиҳои баланди интеллектуалии тоҷикон, таърихи қадиму бой ва анъанаҳои волои шеърии онҳоро хуб дар ёд дорад. Аммо ин бахш дар ҳоли коҳиш аст.”

Ба эҳтимоли зиёд ин ҳолро дар Душанбе низ ба хубӣ дарк кардаанд ва нақша доранд, дар назди Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон Маркази имиҷофарӣ таъсис диҳанд. Қарор аст, ин марказ фарҳангшиносон, журналистон ва шарқшиносонро гирдиҳам орад. Ҷашнвора ва даъвати нажодпарастони рус ба он низ яке аз чунин ташаббусҳост. Аммо ҳамсӯҳбати мо Аркадий Дубнов, ки борҳо ба Тоҷикистон сафар кардааст, мегӯяд, ба назари ӯ, даъвати скинҳедҳо ба Тоҷикистон идеяи, зоҳиран, хеле содалавҳона аст. “Ҳамаи нажодпарастонро даъват кардан номумкин аст, зеро онҳо ҳазорон ҳазор нафаранд ва гурӯҳҳое, ки равиши онҳоро муайян мекунанд, ҳар вақт иваз мешаванд. Бояд оромона пазируфт, ки дар байни ҳар миллат афроде ҳастанд, ки фикр мекунанд, шаъни миллати худро бояд бо мушт ё ханҷар дифоъ кунанд. Тағйир додани мафкураи онҳо тақрибан номумкин аст.”

Ба ақидаи ин коршинос ва ҳамсӯҳбатони дигари мо симои тоҷикон ва Тоҷикистонро на танҳо ошноии бештари мардуми Русия бо фарҳангу таърихи онҳо, балки беҳбуди вазъ дар Тоҷикистон, танзими қонунии муҳоҷират, роҳ надодан ба иштибоҳҳо ва равобити хуби байни ҳукуматҳо метавонад беҳтар кунад.
XS
SM
MD
LG