Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мизи гирд. Муҳоҷирони беҳимоят ва бесарпараст


Ҳодисаи қатли Ҷонибеки 24-сола аз сӯи миллатгароҳои рус дар оғози моҳи сентябр ҷомеаи Тоҷикистонро такон дод.

Ин бори нахуст нест, ки як ҷавони тоҷик аз ҷониби миллатгароёни рус кушта ва тани ӯ бо сари бурида ба ватан оварда мешавад.

Ҳанӯз се соли пеш Салоҳиддин Азизов, як ҷавони дигари тоҷик, ки дар яке аз шаҳрҳои Русия ба тиҷорат машғул буд, то маишати хонаводаи
Ҳар нафаре, ки дарди муҳоҷиратро дидааст, медонад, ки ягон омиле сари роҳи хушунати тоссарҳоро гирифта наметавонанд...
худро таъмин
бикунад, низ "тӯъма"-и миллатгароҳои рус шуд ва танҳо сари аз тан ҷудояш ба хонаводааш баргашту дар ватан хок шуд.

Ин дар ҳолест, ки бино бар омори расмӣ аз аввали соли ҷорӣ то кунун тобути бештар аз 600 муҳоҷири тоҷик ба ватан оварда шуд. Аксари ин муҳоҷирон дар айни авҷи ҷавонӣ аз ҷони худ маҳрум гашта, ин дунёро тарк кардаанд.

Барномаи "Ояндасоз"-и Радиои Озодӣ ин мавзӯъро дар як мизи мудаввар, ки бо иштироки масъулони ниҳоди давлатӣ дар умури муҳоҷират ва ҷавонони фаъол баргузор шуд, ба риштаи таҳлил кашид.

Анвар Бобоев
Анвар Бобоев, муовини аввали Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати Тоҷикистон ва меҳмони мизи гирди "Ояндасоз" мегӯяд: "Ба фикри ман, ҳар муҳоҷире, ки ба хориҷа меравад, ҳатман бояд аз қонунгузории он кишвар хабардор бошад. Ниҳодҳои расмии он кишвар ва ватани худашро донад ва бо онҳо ҳамкории наздик дошта бошад. Созмонҳои ғайридавлатӣ ва байнулмилалие ҳастанд, ки барои ҳимояи ҳуқуқи одамон амал мекунанд, онҳоро бояд дар бораашон иттилоъ дошта бошад. Ва ҳар вақте ки мушкилӣ пеш омад, бояд ба онҳо муроҷиат намояд."

Шодибой Атоев, пажӯҳишгари ҷавон дар риштаи фалсафаи иҷтимоӣ, ки мавзӯи "Худбаҳодиҳии муҳоҷирони тоҷик"-ро дар хориҷ аз кишвар пажӯҳиш мекунад, гуфт: "Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҷумҳурӣ бояд барои пешгирии ин раванд дар
Фирдавс Юсуфов, муҳоҷири кории тоҷик дар Санк-Петербург, ки аз сӯи миллатгароҳо мавриди ҳамла қарор гирифтааст...

барномаи худ нуктаҳои густардаро ҷо ба ҷо гузорад, ки мутахассисон психологияи муҳоҷиронро омӯхта ва барои ҳимоя кардани онҳо чораҳо андешанд."

Ёқубҷон, як ҷавони тоҷик, ки чанд рӯз пеш аз Русия баргаштааст, афзуд, "беҳтарин роҳ ҳамин аст, ки дар Тоҷикистон шароити корӣ ба вуҷуд ояд. Мо ҳама атои корфармоёни русро ба лиқояшон бахшидаем, ба қавле. Ҳар нафаре, ки дарди муҳоҷиратро дидааст, шиканҷаи шаҳрвандони Тоҷикистонро дар Русия дидааст, медонад, ки на қонунгузорӣ ва на ягон омили дигар сари роҳи чунин хушунатҳои тоссарҳо шуда наметавонанд. Дар Русия танҳо тоҷиконро озору азият намедиҳанд, балки узбакҳо ва намояндагони дигар халқҳоро низ азият медиҳанд. Аммо садои онҳо ба гӯши мақомоти Русия мерасаду аз тоҷикон намерасад."

Оё ширкаткунандагони сӯҳбати мизи мудаввар ба чӣ натиҷаҳои расиданд? Барои ин сабти овозии гуфтугӯро бишнавед.

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:30:17 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG