Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон заминҳои худро ба Чин иҷора медиҳад


Вазорати кишоварзии Тоҷикистон бо шаҳрвандони Чин музокира анҷом медиҳад, то 200 ҳектор замини Тоҷикистонро ба онҳо иҷора диҳад. Дар ин бора Нарзулло Додобоев-сухангӯи вазорати кишоварзӣ ба рӯзноманигорон хабар дрод. Вай гуфт, ин заминҳо дар ноҳияи Ёвон ба чиноиҳо дода мешавад, яъне аз ҳисоби заминҳое, ки обҳои зерзаминӣ доранд. Соли гузашта низ ин вазорат 412 ҳектор заминро дар ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ дар ихтиёри чиноиҳо гузошта буд.
XS
SM
MD
LG