Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мурофиаи парвандаи Равшан Шарипов ба таъхир афтод


Бино ба хабари “Азия-Плюс” мурофиаи парвандаи куштори Равшан Шарипов-корманди Бозрасии автомобилии роҳ ба таъхир андохта шудааст. Қарор буд ин мурофиа имрӯз шурӯъ шавад, вале онро ба рӯзи 19 январ гузоштанд. Ҳомид Маъмуров-вакили мудофеи ин парванда гуфт, сабаб ин будааст, ки гумонбарони куштор аз боздоштгоҳи шумораи 1 дар бинои додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ интиқол дода нашудаанд. Одинаев Озодбек ва Мирҷонов Саидмухтор барои зӯргӯӣ бар зидди корманди давлатӣ гунаҳгор дониста мешаванд.
XS
SM
MD
LG