Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зодрӯзи фаъоли Беларус дар пушти панҷара


Сярҳей Каваленка дар додгоҳ (Акс аз бойгонӣ)
Сярҳей Каваленка дар додгоҳ (Акс аз бойгонӣ)
Ба дӯстону ҳамкорони як фаъоли сиёсии Беларус иҷозат надоданд, ки дар зодрӯзаш аз ӯ дар зиндон аёдат кунанд. Сярҳей Каваленка, узви 37-солаи Ҷабҳаи мардумии Беларус дар шаҳри Витебск рӯзи 19 декабр бо ҷурми нақзи қавоиди ҳукми шартиаш дубора дастгир шуд ва инак, 29 рӯз боз ба нишони эътироз дар маҳбас гуруснанишинӣ мекунад. Каваленка дар январи соли 2010 бо ҷурми “ғайриқонунӣ бардоштани парчами манъшудаи Беларус” ба 3 соли “маҳдудияти озодӣ” маҳкум шуда буд. Дӯстонаш дар зодрӯзи Каваленка бо гулдаста ба дидори ӯ омаданд, вале мақомоти боздоштгоҳ на онҳоро роҳ доданд ва на гулдастаашонро гирифтанд.
XS
SM
MD
LG