Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талко: "Аз Барқи тоҷик" қарздор нестем"


Корхонаи алюминии Тоҷикистон
Корхонаи алюминии Тоҷикистон

Корхонаи алюминийи тоҷик омори ироакардаи ширкати "Барқи тоҷик" дар мавриди қарзҳои "Талко"-ро беасос донист.

Қаблан бархе аз масъулони "Барқи тоҷик" ба хабаргузориҳои маҳаллӣ гуфта буданд, ки ширкати "Талко" дар соли 2011 ба таври доимӣ қарзҳои худро пардохта, ҳамчунон 34,7 дарсади қарзи солҳои гузаштаи худро низ адо намудааст.

Ҳарчанд ширкати "Талко" пардохти саривақтии маблағи барқро аз тарафи ин ширкат таъйид мекунад, вале мегӯяд, ки ин ширкат аз "Барқи тоҷик" дигар қарздор нест.

Ба гуфтаи мақомоти "Талко", қарзи ин ширкат аз "Барқи тоҷик" 525,9 миллион сомониро ташкил медод ва то якуми январи соли 2012, ин ширкат 526,2 миллион сомонӣ, яъне 300 ҳазор сомонӣ маблағи иловагӣ ҳам пардохт намудааст, ки дар ин сурат ширкати "Барқи тоҷик" аз корхонаи алюминӣ қарздор мебошад.

Талко мегӯяд, ки дар тӯли мавҷудияти 37-солаи худ, барои нахустин бор барқчиёни тоҷик аз ширкати "Талко" қарздор мешаванд.
XS
SM
MD
LG