Ба қавли Полина, ҳоло намояндагони Ҷунбиши экологии Узбакистон зуд-зуд бо донишҷӯён вохӯрда аксаран аз зарари Талко ва нерӯгоҳи барқи обии Роғун ба экологияи минтақаи Осиёи Миёна ҳарф мезананд.
Қурбонҷон Кабутов, коршиноси масоили зистмуҳитӣ, ҳамзамон роҳбари «Маркази манбаҳои барқароршавандаи энергия»-и Фарҳангистони улуми Тоҷикистон муътақид аст, ки даъвоҳои сохтаи ҷониби Узбакистон пиромуни зарари маргбори газҳои аз корхонаи алюминиюми Тоҷикистон ихроҷшаванда асоси илмӣ надоранд.
Ӯ афзуд: "Ин тазоҳурот сиёсианд. Ин ҳам бошад аз кор монондани як корхонаи калони Тоҷикистон. Баъд аз ин тазоҳурот дар Талко як вохӯрӣ буд бо иштироки созмонҳои байнулмилалӣ ва журналистон, ки ман ҳам дар он ҷо иштирок доштам. Дар ҳамон ҷо ҳама ҳуҷҷатҳои ташхиси экологӣ нишон дода шуда буд ва исбот карда шуд, ки фаъолияти корхона ба муҳити атроф зарар надорад."
Дар ҳамин ҳол, таҳлилгар Саъдии Юсуфӣ мегуяд, дар давлате чун Узбакистон бо ташаббуси худи донишҷуён барпо шудани гирдиҳамоӣ боварнокарданист: "Дар режимҳои худкомае чун Узбакистон чунин тазоҳуроти худҷӯши ҷавононро наметавон тасаввур кард. Ин тазоҳурот бо иродаи мақомдорони баландпояи Узбакистон сурат мегирад, ки мехоҳанд нишон диҳанд, ки мухолифатҳои онҳо ба Тоҷикистон пояҳои мардумӣ дорад."
Дар чанд соли охир Ҷунбиши экологии Узбакистон ба як созмони бонуфузи ин кишвар табдил ёфтааст, ки бештар ба сафи хеш ҷавононро ҷалб мекунад. Дар интихоботи охири порлумонии Узбакистон 15 нафар аз намояндагони ин ҳаракат бидуни интихоби мардум ва бо иродаи шахсии Ислом Каримов ба узвияти маҷлис пазируфта шудаанд. Ба қавли коршиносон 15 ҷои порлумониро ба намояндагони Ҷунбиши экологӣ додан дар Узбакистон дар таҷрибаи давлатҳои дунё беназир аст.
Ҳатто Ҷопон баъди бомборон шудани Хиросимо ва Нагаски ин миқдор экологҳоро ба порлумон роҳ надода буд. Коршиносон мегӯянд, президент Каримов бо таъсиси "Ҳизби сабз" мекӯшад, дар Маҷлиси олии кишвараш тарафдорони ақоиди худро дар заминаи баҳси обу обанбор ва нерӯгоҳҳо дар давлатҳои болооб бештар бикунад.
Шарҳҳоро бинед (4)
Боз кардани шарҳи бештар