Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қазоқистон райдиҳӣ ба поён расид, ҳавзаҳо баста шуданд


Дар Қазоқистон райдиҳӣ дар интихоботи порламонӣ ба поён расид ва ҳавзаҳои интихоботӣ баста шуданд. Бино ба хабарҳо, бештар аз 70 дарсади интихобкунандагон дар райдиҳӣ ширкат ҷустаанд. Интизор меравад, ки Кумиссиюни марказии интихоботӣ натиҷаҳои муқаддамотии интихоботро дар нимаи дуввуми рӯзи душанбе мунташир созад. Додситонии кулли Қазоқистон гузориш додааст, ки дар бораи нақзи муқаррароти интихоботӣ 18 шикоят гирифтааст ва ҳангоми тафтиш баъзе аз ин шикоятҳо таъйид нашудаанд. Нозирони кишварҳои мустақили ҳамсуд гуфтаанд, ки нақзи ҷиддии муқаррароти интихоботиро мушоҳида накардаанд, вале Ҳизби миллии сотсиал-демократи Қазоқистон гуфтааст, ки дар бораи нақзи қонунҳои интихботӣ дар Остона ва дар Алмаато мавод ҷамъоварӣ кардааст ва ин мавод аз аксҳову наворҳои видеоӣ иборат аст. Дар интихобот 7 ҳизби сисёсӣ ширкат доштанд ва аз ин ҳизбҳо бояд дутои он ба Маҷлиси поёнии порламон роҳ ёбанд.
XS
SM
MD
LG