Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Покистону Британия гузоришҳоро рад карданд


Мақомоти расмии Британия ва Покистон хабарҳоеро рад карданд, ки гӯё нахуствазири Покистон бо Кумиссиюни Олии Британия телефонӣ тамос гирифтааст ва дар бораи ногузир будани табадуллоти низомӣ дар кишвараш сӯҳбат кардааст. Рӯзи ҷумъа хабаргузории Ассошиейтед Пресс аз қавли як манбаъ, ки аз он ном бурда намешавад, гузориш дод, ки Юсуф Ризо Гелонӣ-нахуствазири Покистон аз Адам Томсон-Кумиссари Олии Британия хостааст, ки ин кишвар ба ҳукумати вай кӯмак кунад. Вале маълум нест, ки дар ин робита Британия даст ба иқдоме хоҳад зад ё хайр. Акрам Шоҳидӣ-сухангӯи Гелонӣ ба телевизиони CNN гуфт, ки ин хабар аслан асос надорад. Ба гуфтаи вай, нахуствазир дар ин бора бо Кумиссари Олӣ сӯҳбат накардааст.
XS
SM
MD
LG