Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози таҳқиқи ҳамла ба Додоҷони Атовулло


Пулиси Маскав ба таҳқиқи ҳамла ба хабарнигори маъруфи тоҷик Додоҷони Атовулло шурӯъ кардааст. Пулис мегӯяд, Бахтиёр Раҳимбердиев, як шаҳрванди 23-солаи Тоҷикистонро бо гумони даст доштан дар ин сӯъиқасд дастгир карда, имрӯз дар бемористон худи хабарнигорро низ бозпурсӣ хоҳад кард. Аркадий Баширов, сухангӯи пулиси Маскав гуфт: «Ҳангоми дидбонӣ дар он минтақа маъмурони пулис як шаҳрвандро боздошт карданд, ки дасташ хунин буд. Ӯро боздошт карда, ба шӯъбаи пулис оварданд.»
Муассиси нашрияи «Чароғи рӯз» ва раҳбари ҷунбиши «Ватандор» шаби панҷшанбе бо ду зарби корд, ки якеаш ба ҷигари ӯ асобат кардааст, ба Пажӯҳишгоҳи «Ёрии таъҷилӣ»-и Маскав ба номи Склифосовский оварда шуд. Баъди ҷарроҳӣ, гуфтаи табибон, хатаре ба ҳаёти ӯ таҳдид намекунад. Созмони «Хабарнигорони бидуни марз» ва 4 созмони журналистии Тоҷикистон – Иттиҳодияи журналистон, НАНСМИТ, Медиа-Алянс ва АФРӮЗ ин ҳамларо шадидан маҳкум карданд. Додоҷони Атовуллои 56- сола аз мунтақидони тунди давлати Эмомалӣ Раҳмон дониста мешавад.
XS
SM
MD
LG